Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сербистон гарде аз замини Косоворо гузашт нахоҳад кард


Нахуствазири Сербистон Войислав Коштунитса гуфт, ки кишвари вай ният надорад гарде аз замини Косоворо гузашт кунад. Изҳороти вай дар пешорӯи, ба қавле даври охири музокироте бар сари таъйини сарнавишти ояндаи Косово садо дод, ки қарор аст дар шаҳри Бадени Австрия баргузор шавад. Ин музокирот бояд то таърихи 10 декабр анҷом ёбад ва баъди он ҳайати музокира - ИМА, Русия ва Иттиҳодияи Аврупо бояд хулосаҳои худро роҷеъ ба пешрафт дар ин замина дар як гузориш ба СММ таслим кунанд. Раҳбарони Косово гуфтаанд, ки ба таври якҷониба истиқлолияти Косоворо эълон хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG