Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкорони Суғд ва коғазбозии мақомот


Ба ақидаи масъулини созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи соҳибкорон дар устони Суғд, сабти номи корхонаву ташкилотҳо ва дарёфти иҷозаномаи фаъолият дар Тоҷикистон як кори мураккаб, гаронарзиш ва дурудароз мебошад.

Онҳо ин авомилро аз иллатҳои аслии аз рушд боздорандаи бахшҳои соҳибкории хурд ва миёна дар Тоҷикистон мехонанд. Шуҳрат Раҳматбоев, узви Иттиҳоди соҳибкорони Суғд, гуфт, қонунҳои сабти ном ва иҷозаномадиҳӣ ба корхонаву ташкилотҳо дар Тоҷикистон печида ва дар мавориде ба якдигар зидду нақиз буда, дар онҳо механизми сабти номи ашхоси ҳуқуқӣ мушаххас карда нашудааст.

Вай афзуд, як соҳибкор барои сабти номи як корхонаи хурд ё миёна маблағ ва вақти зиёд ба харҷ медиҳад, аммо дар бештари маврид ба иллати он, ки мақомоти идораҳои давлатӣ вазифаи худро сари вақт ба иҷро намерасонанд. Шуҳрат Раҳматбоев иброз дошт, ба иллати мушкили сабти ном ба ҳайси шахси ҳуқуқӣ теъдоди зиёди соҳибкорон дар Тоҷикистон ба сифати андозсупорандаи оддӣ кор ва тиҷорат мекунанд.

Як пажуҳиши Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2006 Тоҷикистонро дар мавриди шароити роҳандозии соҳибкорӣ дар миёни 175 кишвари ҷаҳон дар ҷои 133–юм қарор додааст. Аз рӯи натиҷаҳои пажуҳиши мазкур, дар Тоҷикистон як соҳибкор барои сабти номи корхона ё муаассисааш 14 марҳаларо дар идораҳои давлатӣ паси сар ва 67 рӯз сарф мекунад. Ва ин дар ҳолест, ки вай барои сабти номи корхонаи хурд ё миёнаи худ беш аз ҳашту ним ҳазор сомонӣ бо роҳҳои қонунӣ ба харҷ медиҳад.

Анвар Ёқубов, сарвари идораи оид ба сармоягузорӣ ва моликияти давлатӣ дар ҳукумати Суғд ба ин, ки дар Тоҷикистон роҳандозии фаъолияти соҳибкорӣ бо сабти ном дар идораҳои давлатӣ як кори мураккаб ва маблағу заҳматталаб мебошад, мувофиқ аст. Аз нигоҳи вай, ба хотири рушди бахши соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мушкили соҳибкоронро, бахусус дар марҳилаи сабти ном ва гирифтани иҷозанома, бо роҳи такмил ва танзими қонунҳо, бартараф кардан зарур аст.

Анвар Ёқубов гуфт, соҳибкорони Суғд ба мо пешниҳод мекунанд, ки ба қайдгирии давлатии соҳибкорон аз тарафи як идора ё як палатаи алоҳидаи бақайдгирӣ ба роҳ монда шавад. Ё аз рӯи усули «як дари кушода» намояндагони ҳама мақомоти давлатии бақайдгиранда дар як идораи вижа ҷамъ оварда шаванд ва соҳибкорон як–як дари ҳар идораро накӯбанд ва ин ҳама ба хотири осон кардани шурӯъи фаъолияти соҳибкорӣ, бо харҷи кам ва дар муҳлати кӯтоҳ.

Аммо Маҳмуд Дадобоев, сарвари телевизиёни «Баҳри Тоҷик» дар Қайроқум, мегӯяд, дар роҳи дарёфти иҷозаномаи фаъолият бахусус расонаҳои электронӣ, радио ва телевизиёнҳои мустақили Тоҷикистон ба мушкил ва монеъаҳои зиёди маснуъӣ рӯ ба рӯянд. Телевизиёни хусусии «Баҳри Тоҷик» дар тӯли чаҳор соли ахир натавонистааст аз комисияи литсензиядиҳии назди Кумитаи давлатии телевизиён ва радиои Тоҷикистон иҷозаномаи фаъолият ба даст орад ва низ комиссияи мазкур сабаби худдориашро шарҳ надодааст.

Ба назари Маҳмуд Дадобоев, таъсиси як комиссияи воқеан озод ва мустақили литсензиядиҳӣ берун аз таҳти итоати Кумитаи давлатӣ шароити гирифтани иҷозаномаи фаъолиятро барои ҳар расонаи электронӣ, новобаста аз шакли моликият содда ва баробар хоҳад кард.

Зимнан, соҳибкорони Суғд низ мегӯянд, ин умдатарин мушкили онҳост, ки иҷозаномаи фаъолиятро ба корхонаи хусусӣ ё гурӯҳии онҳо бояд вазоратхонаҳо ва кумитаҳои давлатӣ бидиҳанд, дар ҳоле ки ин ниҳодҳои давлатӣ ба додани литсензия ба корхонаҳои ғайридавлатии ба фаъолияти онҳо ҳамсамт ҳеҷ гуна ҳавасмандӣ надоранд.

XS
SM
MD
LG