Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Д. Б. Курет: мо алоқаманди рушди Тоҷикистонем


Раиси гурӯҳи кории Иттиҳоди Аврупо дар Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Даря Бавдаз Курет

Раиси гурӯҳи кории Иттиҳоди Аврупо дар Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Даря Бавдаз Курет

Раиси гурӯҳи кории Иттиҳоди Аврупо дар Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Даря Бавдаз Курет мулоқоти худ бо раисҷумҳури Тоҷикистонро барои равобити бештари Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард.

Хонум Даря, ки дар поёни ин мулоқот бо хабарнигорон як сӯҳбати кӯтоҳи дудақиқаӣ анҷом дод, гуфт, зимни мулоқоти вай бо президенти Тоҷикистон аз ҷумла масъалаи рушди тиҷорати марзӣ, таҳкими марзи ин кишвар бо Афғонистон, муборизаи муштарак бо қочоқи маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Вай афзуд, мо ҳамчунин дар бораи мизон ва анвоъи кӯмак ва ёриҳои минбаъдаи Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон сӯҳбат доштем. Зеро Иттиҳоди Аврупо барои рушди устувори Тоҷикистон алоқаманд аст. Аз ин рӯ Тоҷикистон бахши аъзами кӯмакҳои Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказиро дарёфт хоҳад кард.

Дар навбати худ раисҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки давлаташ барои равобити боз ҳам бештари Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои узви он ҳавасманд аст. Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупоро барои иҷрои барномаҳои энержии кишвараш муҳим хонда, дар ин роҳ ташкили бозори минтақаии нерӯи барқро ба сифати яке аз роҳҳои асосии иҷрои ин тарҳ пешниҳод кардааст.

Зимнан Иттиҳоди Аврупо дар доираи чанд барнома аз ҷумла Стратегия Иттиҳодияи Аврупо оид ба Осиёи марказӣ ва Барномаи идора ва назорати сарҳадот кӯмакҳои фаннӣ ва техникии худро дар ихтиёри давлати Тоҷикистон гузоштааст.

Дар охири ҳафтаи гузашта низ гурӯҳе аз сафирони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз се ноҳияи вилояти Хатлон дар ҷануби кишвар дидан карда ва аз ироаи кӯмакҳои нав ба бахшҳои мухталифи ин навоҳӣ хабар додаанд. Иттиҳодия Аврупо эълом кардааст, ки ҷиҳати таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, рушди арсаи кишоварзӣ, коҳиши мизони фақр ва барои ислоҳоти идории давлат ба маблағи 66 миллиён евро ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.

Дар мулоқоти гурӯҳи кории Итиҳоди Аврупо бо раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин ду масъалаи сиёсӣ, аз ҷумла вазъияти амниятиву сиёсии Афғонистон ва барномаи ҳастаии Эрон мавриди гуфтугӯ қарор гирифтааст. Аммо дар бораи ҷузъиёти онҳо чизе гуфта нашуд.

XS
SM
MD
LG