Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи интихоботи раисҷумҳури Русия таъин шуд


Владимир Чуров, раиси Маркази комисиюни интихоботии Русия

Владимир Чуров, раиси Маркази комисиюни интихоботии Русия

Имрӯз, 26 ноябр, Шӯрои федератсияи Русия рӯзи баргузории интихоботи раисҷумҳури ин кишварро таъин кард ва он 2 марти соли 2008 гуфта мешавад.

Ҳамзамон, тибқи иттилоъи раиси Маркази комисиюни интихоботии Русия Владимир Чуров, 12 декабри соли равон номнависии номзадҳо ба мақоми раисҷумҳури Русия шурӯъ хоҳад гашт ва давраи таблиғотии қаблазинтихоботии номзадҳо аз 2 то 29 феврали соли 2008 сурат хоҳад гирифт.

Раиси Маркази комисиюни интихоботии Русия афзуд, бо назардошти имкони ду давр дар интихобот, барои баргузории он аз буҷаи давлат 5,2 миллиард рубл (ҳудуди 200 миллиён доллар) ихтисос дода мешавад.

Мақоми президентӣ дар Русия соли 1991 дар натиҷаи назарпурсии миллӣ ҷорӣ гардид. Нахустин раисҷумҳури ин кишвар Борис Елтсин буд, ки охири соли 1999 қабл аз мӯҳлат ба истеъфо рафт ва соли 2000 раиси ҳукумати вақти Русия Владимир Путин ба ҳайси раисҷумҳур интихоб шуд.

XS
SM
MD
LG