Пайвандҳои дастрасӣ

Бҳутто ба эътилоф бо Шариф омодааст


Раҳбари мухолифини ҳукумати Покистон собиқ сарвазири ин кишвар хонум Беназир Бҳутто мегӯяд, ӯ ба ташкили эътилоф бо собиқ сарвазири Покистон Навоз Шариф омода аст.
Имрӯз Бҳутто асноди ширкаташ дар интихоботро ба ниҳоди нозир таслим намуд. Ин дафъаи дуюм аст, ки Бҳутто дар яке аз ҳавзаҳо номзадиашро барои сабқат дар интихоботи ҳаштуми январ пешбарӣ кард. Бар пояи қонунҳои Покистон як нафар метавонад дар чанд ҳавзаи интихоботӣ сабқат намояд.
Дирӯз баъди ҳафт соли ҳиҷрат собиқ сарвазириПокистон Навоз Шариф ба ватан баргашт. Ӯ тасмим гирифтааст имрӯз номзадиашро барои сабқат дар интихобот пешбарӣ кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG