Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар арафаи конфронс Буш бо ҳайъатҳо вохӯрд


Имрӯз дар Қасри Сафед президенти ИМА Ҷорҷ Буш ҷудо-ҷудо бо ҳайъатҳои раҳбарони Исроилу Фаластин омодагиҳо ба Конфронси байналмилалии сулҳи Ховари Миёнаро баҳс мекунад. Нишасти сулҳ 27 ноябр дар шаҳри Аннаполиси аёлати Мериленд доир хоҳад шуд.
Дар як изҳороте, ки дирӯз ба табъ расид, президенти ИМА гуфтааст, ӯ ба ҳалли низои Исроилу Фаластин, ташкили давлати демократии Фаластин ва ҳамзистии осоишӯтаи ин давлат бо Исроил "шахсан содиқ" аст.
Котиби давлатии ИМА хонум Кондолиза Райс рӯзи якшанбе бо вазири корҳои хориҷии Исроил хонум Тсиппӣ Ливнӣ ва собиқ сарвазири фаластинӣ Аҳмад Қуреӣ матни изҳороти муштараки ҷонибҳоро арзёбӣ намуд.
Дар конфронси Аннаполис беш аз 40 кишвари олам ширкат меварзанд. Аз ҷумла душмани сарсахти Исроил Сурия ҳам иброз доштааст, ки ҳайъаташро ба конфронси сулҳ мефиристад.
Мансабдорони амрикоӣ мегӯянд, ҳадаф аз баргузории конфронс оғози музокироти сулҳ ва хатми низои шастсолаи Исроилу Фаластин аст.
XS
SM
MD
LG