Пайвандҳои дастрасӣ

Соати сеи субҳи 27 ноябр аввалин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик барои адои фаризаи мусалмонӣ ба Арабистони Саудӣ парвоз мекунанд.

Кумитаи дини Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар дод, имсол, аз Тоҷикистон 5 000 нафар ба зиёрати амокини муқаддаси Ислом иҷоза дарёфт кардаанд.

Қаблан, Саудӣ барои 4 000 зоири тоҷикистонӣ квота тахсис дода буд, ва баъдан, бо дархости ҷониби Тоҷикистон розӣ шуд, ба ҳазор нафари дигар визаи ҳаҷ бидиҳад.

Аммо шумори афроде, ки барои ҳаҷҷи имсола аснод ва пул супорида буданд, қариб 6 500 нафар будааст, ва бад ин тартиб, ҳудудан 1 500 довталаби дигар аз сафари ҳаҷ маҳрум шуданд.

Масъули сафари ҳаҷҷи имсола низ, Кумитаи дини вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Гуфта мешавад, қабули асноди бештар аз теъдод ба иллати ноҳамоҳангӣ миёни идораи дини вазорат бо бахшҳои ноҳиявӣ ба миён омадааст.

Кумитаи дин мегӯяд, маболиғи ин афрод бозгардон шудааст ва соли оянда онҳо имтиёз хоҳанд дошт, ки дар навбати аввал ба ҳаҷ бираванд.

Қаблан, махориҷи ҳаҷ 2 700 доллари амрикоӣ таъин гардида буд ва баъдан, бо тақозои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ин маблағ ба 120 доллар коҳиш дода шуд.

XS
SM
MD
LG