Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон бо Сингапур бозӣ мекунад


Дар шаҳри Дурбани Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ қуръакашии мусобиқоти интихобии Ҷоми футболи ҷаҳон-2010 баргузор шуд.

Нахуст 20 дастаи мунтахаби миллии қораи Осиё ба панҷ гурӯҳ тақсим шуданд:

гурӯҳи 1 - Австралия, Чин, Ироқ, Қатар
гурӯҳи 2 – Ҷопон, Баҳрайн, Уммон, Тайланд
гурӯҳи 3 –Кореяи Ҷанубӣ, Кореяи Шимолӣ, Урдун, Туркманистон
гурӯҳи 4 –Арабистони Саъудӣ, Узбакистон, Лубнон, Сингапур
гурӯҳи 5 – Эрон, Кувайт, АМА, Сурия.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври баъдӣ роҳ ёфта, барои роҳхат ба Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ муборизаро идома хоҳанд дод.

Бар асоси низомномаи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ба давраи ниҳоӣ 13 даста аз Аврупо, 5 – аз Африқо, 4 – аз Осиё, 4 – аз Амрикои Ҷанубӣ ва 3 даста аз КОНКАКАФ ширкат мекунанд. Боз барои ду роҳхати дигар бозиҳои интихобӣ миёни панҷумин дастаи Осиё -беҳтарин дастаи Уқёнус ва панҷумин дастаи Амрикои Ҷанубӣ - чаҳорумин дастаи КОНКАКАФ баргузор мешаванд. Тими миллии Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ба ҳайси мизбон бидуни сабқати интихобӣ дар давраи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2010 иштирок хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG