Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, дар амалиёти муштараки нерӯҳои кишвар ва эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ дар вилояти Пактиё 65 узви гурӯҳи Толибон кушта шуданд.

Динмуҳаммад Дарвеш - сухангӯи волии Пактиё ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, ин тундравонро дар ноҳияҳои Патон ва Санканаи вилояти мазкур маҳв кардаанд. Сухангӯи волии Пактиё афзуд, ки шуморе аз афроди кушташуда шаҳрвандони Покистон ҳастанд.

Ба гуфтаи Динмуҳаммад Дарвеш, ҳамчунин дар амалиёти муштараки нерӯҳои афғон ва эътилоф 12 толиб дастгир шудаанд.

Динмуҳаммад Дарвеш гуфт, ин афрод пас аз он кушта шуданд, ки онҳо мехостанд дар вулусволии Санканаи ин вилоят ҳамлаи мусаллаҳона анҷом диҳанд. Мақомоти вилояти Пактиё мегӯянд, аҷсоди Толибон дар вилояти набард боқӣ мондаанд, ки дар миёни онҳо аҷсоди 8 сокини вилояти Вазиристони Ҷанубии Покистон низ ҳаст.

Ба гуфтаи масъулини амниятии Пактиё, дар ҷараёни набард ба нерӯҳои афғон ва эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ ҳеҷ осебе нарасидааст. Нерӯҳои амниятии Пактиё мегӯянд, дар ин даргирӣ ҳамчунин чанде аз мошинҳои ҷангҷӯёни Толибонро аз байн бурда шудааст.

Аммо Забеҳулло Муҷоҳид, ки худро як сухангӯи Толибон муаррифӣ мекунад, иддаъоҳои мақомоти вилояти Пактиёи Афғонистонро рад намуда ва гуфтааст, ки дар ҷангҳои дирӯза танҳо панҷ толиб ба ҳалокат расидааст.

XS
SM
MD
LG