Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги нави FIFA - дар мақоми 135


Тоҷикистон дар рейтинги моҳи ноябрии ФИФА – Федератсиюни байналмилалии футбол, 17 зина болотар – ба ҷойи 135-ум баромад. Дар моҳи гузашта мунтахаби футболбозони тоҷик дар мақоми 152-юм буданд ва бо вуҷуди бохти Тоҷикистон дар бозӣ бо тими Сингапур дар сафар, пирӯзӣ бар дастаи Бангладеш бо ҳисоби калони 5 бар 0 ва мусовӣ бо тими Сингапур дар Душанбе бо ҳисоби 1 бар 1 барои беҳтар кардани мавқеъи тими Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА таъсир кард. Аммо ин натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон нест, масалан дар рейтинги моҳи ноябрии соли гузаштаи 2006 мавқеъи 119-ум аз они бозигарони тоҷик буд. Байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон пас аз Узбакистон, ки дар зинаи 64-ум, Қазоқистон, ки 110-ум ва Туркманистон, ки 31 қадам боло рафта дар мақоми 127-ум аст, ҷойгир шуда, танҳо аз Қирғизистон, ки 136-ум аст, дар пеш мебошад.

Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷойи чаҳордаҳум мебошад. Русия дар миёни ин кишварҳо дар ҷойи аввал буда, дар феҳристи ҷаҳонӣ шаш зина поинтар - ба ҷойи 22-юм фаромад. Украина, ки дуввум аст, низ ҳафт зина поин - 29-ум шуд.
Дар раъси ин феҳрист бошад, миёни 208 дастаи мунтахаб Аргентина ҷой гирифтааст. Бразил ва Итолиё, қаҳрамони феълии футболи ҷаҳон, мавқеъи худро мутаносибан дар зинаҳои дуввуму сеюм нигаҳ доштанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон ҳамчунин, Испания, Олмон, Чех, Фаронса, Португол, Ҳуланд ва Хорватия ҷойгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG