Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоҳи Урдун савганд ёд кард


Шоҳи Урдун Абдуллоҳ дар баробари аъзои 27-нафараи кабина, ки ба ҳайати он чаҳор зан ҳам шомил ҳастанд, савганд ёд кард. Нахуствазири нави ҳукумати Урдун Нодир Даҳабӣ аст, ки тибқи хабарҳо аз ӯ чун як "технократ" ёд мешавад. Шоҳ аз Даҳабӣ тақозо кард, ки дар самти ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ ҳаракат кунад, бо фасоду ришват мубориза бурда барои эҷоди ҷойҳои корӣ ба мардуми Урдун талош ба харҷ диҳад. Нахуствазири пешини Урдун Маъруф Бахт, ки баъди интихоботи соли 2005 ба ин вазифа омада буд, дар пайи нокомиаш дар интихоботи ахири пурлумонӣ ба истеъфо рафт.
XS
SM
MD
LG