Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон мегӯяд, 12 шӯришии курдро боздошт кард


Эрон дар шимолу ғарби ин Ҷумҳурии Исломӣ 12 шӯришии курдро боздошт кард, ки гӯё нияти ташкили ҳамлаҳои мухталифро доштанд. Хабаргузории давлатии ИРНО дар нақли қавл аз вазорати иттилоот мегӯяд, ки нафарони боздоштшуда аъзои ҳизби Ҳаёти озоди Курдистон, бахше аз ҷунбиши ҷудоихоҳи курдӣ буданд, ки дар Туркия амал мекунад. Ҳафтаи гузашта як нашрияи расмии эронӣ гузориш дод, ки нирӯҳои амниятии эронӣ се шӯришии курди аъзои ин ҳизбро дар вилояти Курдистони Эрон ба ҳалокат расониданд.
XS
SM
MD
LG