Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои ширкат дар интихобот Саакашвилӣ истеъфо дод


Раиси ҷумҳурии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ, ба хотири сабти номи худ ба унвони номзади раёсатҷумҳурӣ дар интихоботи пеш аз вақти президентӣ, ки 5 январи соли оянда баргузор мешавад, аз вазифааш истеъфо дод. Сухангӯи вай Вано Нониашвилӣ гуфт, ки истеъфои Саакашвилӣ як расмият буда Саакашвилӣ ният дорад дар интихобот чун номзад иштирок кунад. Дар пайи саркӯби тазоҳуроти мухолифин тавассути нирӯҳои полис ва бастани шабакаи калонтарини телевизионии мухолифин, Саакашвилӣ ба баргузории интихоботи пеш аз вақт даъват кард. Дар ҳамин ҳол, дирӯз дар хиёбонҳои Тифлис, пойтахти Гурҷистон даҳҳо ҳазор нафар бо талаби азсаргирии кори телевизиони "Имедӣ" раҳпаймоӣ карданд.
XS
SM
MD
LG