Пайвандҳои дастрасӣ

Шариф бо таҳдиди хатми "диктотурӣ" ба ватан баргашт


Нахуствазири собиқи Покистон Навоз Шариф дирӯз дар як муҳити пуршӯру пурэҳсоси пуштибонони сиёсиаш ба ватан баргашт. Дар пешорӯи бозгашти вай ба Лоҳур аз табъиди чандинсолааш дар Арабистони Саъудӣ, полис чандин тарафдори вайро боздошт намуд. Интизор меравад, ки Навоз Шариф дар интихоботи қарибулвуқӯи парлумонии кишвар раиси ҷумҳурии низомӣ Парвиз Мушаррафро ба чолиш мекашонад. Дар як изҳороти мухтасараш оқои Шариф таҳдид кард, ки ба "диктотурӣ" дар Покистон хотима дода демократияро бақарор хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол, дигар нахуствазири пешини ин кишвар Беназир Бҳутто ба унвони номзади интихоботӣ сабти ном шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG