Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони Шоғун-Зиғар ба анҷом мерасад


Авоили ҳафтаи ҷорӣ дар Тоҷикистон марҳилаи дуввум ва саввуми лоиҳаи сохтмони шоҳроҳи Шоғун-Зиғар ба ҳукми иҷро медарояд. Гуфта мешавад, пудратчиии асосии ин пружа - ширкати иронии мавсум ба «Собир», аллакай фанноварӣ ва масолеҳи сохтмонии ин лоиҳаро омодаи кор кардааст. Барои иҷрои ин тарҳ ҳамчунин ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистон ҷалб шуда ва ҳудуди 60 дар сади бинокоронро низ сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Дарозии ин роҳ 28-уним километр буда ва наздики 30 миллион доллари амрикоӣ барои анҷоми умури сохтмонӣ ихтисос дода шудааст. Аз ин маблағ танҳо 13 дарсадашро ҳукумати Тоҷикистон ва бахши аслии онро Бонки Исломии Рушд пардохт мекунад.

XS
SM
MD
LG