Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони маҷлисҳои Тоҷикистону Афғонистон дар Қундуз


Ба навиштаи хабаргузориҳои Афғонистон, имрӯзҳо гурӯҳе аз вакилони порлумонҳои Тоҷикистону Афғонистон дар музофоти Қундуз қарор доранд. Ҳадафи ин боздид пайдо кардани роҳҳалли мушкилоти марзист, ки монеъи рушди муносиботи тиҷҷории миёни ин ду кишвар шудааст. Ахиран соҳибкорони афғон ба парлумони кишварашон шикоят бурдаанд, ки гӯё гумрукиёни тоҷик дар қиболи боҷи қонунӣ, инчунин барои убури ҳар як мошини боркаш ба Афғонистон, аз онҳо 300 доллари амрикоӣ тамаъ мекардаанд. Мақомоти Афғонистон аз Тоҷикистон хостори он шудаанд, ки кори пули нави пайвандкунандаи ин ду кишвар дар ҷануби Тоҷикистон шабонарӯзӣ шавад. Ҳоло ҳаракат дар кӯпруки тозабунёд танҳо чаҳор соат дар як рӯз мумкин будааст.
XS
SM
MD
LG