Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ИМА аз муносибати Русия бо мухолифин


ИМА дар заминаи амалкарди Русия бо ширкатдорони намоиши эътирозии зиддиҳукуматӣ ва боздошти Гаррӣ Каспарову дигар раҳбарони мухолифин изҳори нигаронӣ кардааст. Шон Маккормак, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ки мақомоти Русия, тибқи гузоришҳо, зидди тазоҳургарон рӯзи шанбе дар Маскав аз тактикаи "пархошагрона" кор гирифтаанд. Инчунин вай гуфт, ки нисбати боздошти бархе раҳбарони мухолифин, аз ҷумла Гарри Каспаров нигаронии вижа баён мешавад. Каспаров ба панҷ рӯзи нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳ маҳкум шудааст. Ва дирӯз, дар Санкт-Петербург мақомот барои муддати кӯтоҳ дигар раҳбари мухолифин - Борис Немтсовро дастгир карданд.
XS
SM
MD
LG