Пайвандҳои дастрасӣ

Сурия даъвати Амрикоро пазируфт


Сурия имрӯз давъати Иёлоти Муттаҳида ба конфронси байналмилалии сулҳи Ховари Миёнаро пазируфтааст, ки ин ҳамоиш ҳафтаи оянда дар шаҳри Аннаполис баргузор мешавад.

Муовини вазири умури хориҷаи Сурия Файсал ал Миқдод ҳайъати ин кишварро раҳбарӣ хоҳад кард. Дар баёнияи расмии вазорат гуфта мешавад, Сурия баъди дастрас кардани барномаи конфронс, ки дар он банди эҳёи музокироти сулҳи Сурия ва Исроил зикр шудааст, даъватро пазируфтааст.
Сурия пештар гуфта буд, ки агар масъалаи баландиҳои Голан, ки Исроил дар соли 1967 ишғол карда буд, дар конфронс баррасӣ нашавад дар ҳамоиши сулҳи Ховари Миёна дар Аннаполис ширкат нахоҳад кард. Исроил аз тасмими давлати Сурия ибрози хушнудӣ кардааст. Дар конфронси Аннаполис намояндагони бештар аз 50 кишвару созмонҳои байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG