Пайвандҳои дастрасӣ

Навоз Шариф ба Покистон бозгашт


Нахуствазири собиқи Покистон Навоз Шариф пас аз ҳашт соли ғурбат имрӯз аз Арабистони Саудӣ ба шаҳри Лоҳури Покистон баргашт. Як дафъа пеш аз ин Навоз Шарифро баъди чанд соати вурудаш ба Исломобод аз кишвараш ронданд. Навоз Шариф, ки соли 1999 дар натиҷаи табаддулоти давлатӣ бо раҳбарии Парвиз Мушарраф сарнагун шуд, мехоҳад, ин раҳбари Покистонро аз қудрат дур кунад. Пулиси Покистон имрӯз дар остонаи вуруди Навоз Шариф садҳо нафар аз тарафдорони ӯро боздошт кард. Дар ин зимн Беназир Бҳутто нахуствазири собиқ ва рақиби раиси ҷумҳур Парвиз Мушарраф имрӯз санадҳои номзадиаш барои ширкат дар интихоботи ояндаи порлумонии Покистонро ба комиссияи интихоботӣ пешниҳод кардааст.

XS
SM
MD
LG