Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли ду фаластинии мусаллаҳ дар Ғазза


Артиши миллии Исроил гуфт, субҳи имрӯз сарбозони ин кишвар ду фаластинии мусаллаҳро дар Навори Ғазза парронда куштаанд. Дар ин зимн раисиҷумҳури Ташкилоти Худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос ва нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт вориди Иёлоти Муттаҳида шуданд, ки дар шаҳри Аннаполиси он ҳафтаи оянда конфронси байналмилалии сулҳи Ховари Миёна баргузор мешавад. Ҷонибҳо умедворанд, ки дар ин конфронс музокироти сулҳ барои хотима додан ба муноқишаи шастсолаи Фаластиниёну Исроил шуруъ мешавад.

XS
SM
MD
LG