Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои Михаил Саакашвилӣ аз мақоми худ


Раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ имрӯз аз мақомаш истеъфо дод, то муҷаддадан ҳамчун номзад ба мақоми раисиҷумҳур дар интихоботи моҳи январи соли оянда сабти ном шавад.

Вано Нонашвилӣ, сухангӯи М. Саакашвилӣ, гуфт, истеъфои раисиҷумҳур муқаррароти расмӣ аст, ки бояд иҷро шавад.
Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури вақти Гурҷистон, пас аз саркӯбсозии тазоҳуроти мухолифон дар пойтахти кишвар ва бастани телевизиони бузурги ғайридавлатии «Имедӣ» дар аввали ҳамин моҳ интихоботи зудраси раёсати ҷумҳурӣ эълом карда буд.
Бар асоси Қонуни асосии Гурҷистон, акнун ҳукумати Гурҷистонро раиси порлумони ин кишвар Нино Бурҷанадзе идора мекунад.
Дар айни ҳол мухолифони ҳукумат аз тарафдоронашон даъват карданд ба нишони эътироз аз бастани телевизиони «Имедӣ» ба тазоҳурот бароянд.
XS
SM
MD
LG