Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латукӯби тазоҳургарон дар Санкт-Петербург


Нерӯҳои ОМОН-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия имрӯз ду нафар аз раҳбарони Иттиҳоди нерӯҳои дасти рости Русия Борис Немсов ва Никита Белихро дастгир карданд.

Бино ба гузоришҳо, маъмурони амниятӣ дар ҷараёни тазоҳуроти тарафдорони ин нерӯҳои мухолиф ба ҳукумат баъзе аз эътирозгаронро латукӯб ва 100 нафарашонро боздошт кардаанд. Баъзе аз тазоҳургарон ҳанӯз пеш аз шурӯъи ин раҳпаймоӣ бар зидди раисиҷумҳури Русия Владимир Путин боздошт ва латукӯб шудаанд. Мақомоти Санкт-

Петербург барои баргузории ин раҳпамоӣ иҷоза надода буданд.
XS
SM
MD
LG