Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдидҳои гармоиши кураи Замин ба инсоният


Олимони Ҳонконг пас аз омӯзиши таъсири манфии ҳавои фавқулода сард ва ё гарм ба ин натиҷа расидаанд, ки гармоиши кӯраи Замин сабаби гуруснагиву ҷангу низоъ, буҳрони иқтисодҳо ва коҳиши аҳолӣ дар сайёра мешавад.

Муҳаққиқони Донишгоҳи Ҳонк Конг дарёфтаанд, ки дар асрҳои фавқуллода сард ва ё гарм ҷангҳо, ҳалокати аҳолӣ ва буҳронҳои иқтисодӣ бештар шудааст. Ба қавли ин олимон, дар он асрҳо теъдоди ҷангҳо дар манотиқи сард назар ба манотиқи гарм ду маротиба бештар будааст.
Профессори ҷуғрофиё Дейвид Жанг ва муҳаққиқ Ҳаррӣ Лӣ, муаллифони ин пажӯҳиш, мегӯянд, ки гармоиши кӯраи Замин ҳамингуна барои инсоният оқибатҳои фалокатбор хоҳад дошт, яъне он ҷанг ва ошӯбҳои иҷтимоъӣ бармеангезад.
Ин ду донишманд мегӯянд, 80 дарсади манотиқи ҷаҳон замон ҳавои фавқулода сард доштанашон бештар дар панҷаи ҷангҳо афтодаанд.
Ба гуфтаи олимон, дар давраҳои сард аҳолии кишварҳо кам шуда ва рақобати муҳлике барои манобеъи зиндагӣ низ ба чашм хӯрдааст ва дар давраҳои ҳавои нармтар теъдоди аҳолии кишварҳо афзудааст.
Бар тибқи дарёфти ин олимон, дар давраҳои фавқулода сард таназзули иқтисодӣ ва афзоиши мушкилоти иҷтимоъӣ дар Аврупо ва Чин ҳамсон будааст. Дейвид Жанг мегӯяд, гармоиши кӯраи Замин метавонад низоми мавҷуди муҳити зистиро баҳам зада, сабаби фоҷиъаҳои башарӣ шавад.
Аз ин хотир, ба қавли ин донишманд, ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон бояд омодаи асароти манфии иҷтимоъӣ ва муҳитизистии гармоиши кӯраи Замин бошанд.
Гуфта мешавад, ҳамонгуна, ки ҳавои сард, муъҷиби ҷангҳо гаштааст, гармтар шудани Замин низ метавонад, сабаби коҳиши захираҳои об, замину ғизо ва дар ниҳоят ҳалокати теъдоди зиёди мардум шавад. Дейвид Жанг бар ин назар аст, ки тағйири ҳаво сабаби муҳоҷирати теъдоди азими аҳолӣ мешавад, ки чунин муҳоҷиратҳо дар пайи худ ҷангу низоъро дорад. Ӯ мисол меорад, ки, ҳамин тавр, дар садаи 13 муғулҳо баъди хушксолии шадид ба хоки Чин таҷовуз карданд.
Дар ҳамин ҳол “Интернешнл Алерт”, як созмони ғайридавлатии таҳқиқи низоъҳо, дар гузориши хоссае ҳадс зада буд, ки дар 56 кишвари дунё бо аҳолии қариб 3 миллиард одам гармоиши кӯраи замин омилҳои ноамниву низоъҳои хунинро бисёр зиёд хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG