Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чиноиҳо Душанбеву Ёвонро бо гармӣ таъмин мекунанд


Ширкати чиноии «Содироту воридоти маъдан» («East-Resources Import & Export Со») тасмим гирифтааст, ки ду маркази гармидии умумии Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ва шаҳри Ёвонро бозсозиву мавриди баҳрабардории дубора қарор диҳад.

Тибқи як тавофуқ, ки миёни ширкати мазкур ва вазорати энержии Тоҷикистон ҳосил шудааст, баъди бозсозӣ ин марказҳо дигар на аз гази табиъӣ, балки аз ангиштсанг ба унвони маводи сӯхт истифода хоҳанд кард. Ин мувофиқатнома баъди ба имзои ду ҷониб расидан мавриди амал қарор мегирад.
Маркази гармидиҳии умумии Душанбе, ки дар беш аз 50 соли қабл сохта шуда буд, ба унвони маводи сӯхт умдатан аз гази табиъӣ ва гоҳе ҳам аз мазут истифода мекард. Дар ҳамин ҳол зарфи чандин соли ахир ба далели камбуди газу мазут ва мушкилоти молӣ фаъолияти ин марказ мутаваққиф шуда буд.
Бо таҷдиди дастгоҳҳои ин маркази гармидиҳӣ ва мутобиқ кардани он барои истифода аз ангишт ба ҷои гази табиъӣ масъулини барномаҳои энержии Тоҷикистон ва шаҳрдории Душанбе умедворанд битавонанд фаъолияти ин марказро барои бо гармӣ ва барқ таъмин кардани пойтахт ба сурати муназзам ба роҳ андозанд.
Ба гуфтаи мутахасисон, дар шароите, ки дастрасӣ ба газу мазут ва ворид кардани он аз хориҷ душвор аст, чун Тоҷикистон дорои манобеъи фаровони ангшитсанг аст, бо ангиштсанг таъмин намудани ин марказҳо кори мумкин ва амалӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ҳамчунин зимни ин барномаи таҷдид иқтидори тавлиди нерӯи барқ дар ин марказҳо низ афзоиш хоҳад ёфт.
Дар ҳамин ҳол бисёре аз мутахасисон бар ин назаранд, ки ин воҳиди шаҳрро беҳтар аст ба ҷои таҷдид ва тармими маркази гармидиҳӣ саромоягузориҳо барои сохтани марказҳои кӯчак ва мустақили гармидиҳӣ истифода шаванд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Душанбе як чунин марказ амал мекунад, ки дар ҳолати пеш омадани садама тамоми шаҳр бе оби гарм хоҳад монд. Феълан барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо мутахасисон гузаштан ба шакли муосири сохтани марказҳои гармидиҳиро пешниҳод мекунанд.
Мутахассисин ҳамчунин мегӯянд, барои таҷдид ва бозсохти ин марказҳо низ фурсат аз даст рафта ва баъид аст, ки то фасли сармои имсол барномаи таҷдиди онҳо анҷом шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар соли равон ба сурати бесобиқа реҷаи истифодаи барқ дар пойтахт Душанбе ҷорӣ шудааст.
Сокинони Душанбе иддаъо мекунанд, ки дар моҳи ноябр ҷорӣ шудани реҷаи барқ дар пойтахтро ҳатто дар солҳои ҷанги дохилӣ дар ёд надоранд. Гуфта мешавад, реҷаи барқ дар шаҳри Душанбе танҳо дар чанд ҳафтаи поёнии зимистон ҷорӣ мешуд, ҳарчанд қабл аз шурӯъи зимистон чунин коре сурат гирифтааст, ки, ба гуфтаи мутахасисон, баёнгари дар рӯбарӯи як буҳрони шадиди энержӣ қарор доштани кишвар аст.
XS
SM
MD
LG