Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти мухолифини ҳукумат дар Русия


Низомиён дар маҳалли гирдиҳамоӣ дар Маскав 24 ноябри 2007
Низомиён дар маҳалли гирдиҳамоӣ дар Маскав 24 ноябри 2007

Дирӯз як додгоҳи шаҳри Маскав Гарри Каспаров, собиқ қаҳрамони ҷаҳон оид ба шоҳмот ва раҳбари Ҷабҳаи муттаҳидаи шаҳрвандӣ - созмони мухолифи ҳукумати Русияро барои вайрон кардани низоми баргузории гирдиҳамоӣ ва муқобилат ба кормандони пулис барои панҷ шабонарӯз маҳкум ба зиндон кард.

Гарри Каспаров, ки бо ибтикори ӯ рӯзи шанбе дар Маскав раҳпаймоии норозиён доир шуд, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ҳадафи онҳо тағйири режими феълии раисҷумҳур Владимир Путин аст. Ӯ афзуд, “рушан аст, ки агар ин режим ба мӯҳлати бештар боқӣ бимонад, ин барои мавҷудияти Русия хатар дорад, аз ин рӯ, аз нигоҳи мо, вазифаи асосӣ - тағйири ин низоми фасодзада, ҷинояткор ва дуруғин аст, тағйири низоме, ки барои ҳал ва ҳатто ба миён гузоштани мушкилоти феълӣ қодир нест”.

Дар ин гирдиҳамоии зери шиори “Барои Русияи бидуни Путин” тақрибан 3 ҳазор мухолифини ҳукумат ширкат доштанд. Онҳо, ки ҳамчунин алайҳи қонуншиканиҳо дар маъракаи интихоботӣ ба Думаи давлатӣ эътироз мекарданд, дар хиёбони ба номи академик Сахаров ҷамъ омаданд ва талош карданд, то сӯи бинои комисиюни марказии интихобот раҳпаймоӣ кунанд. Ва аммо кормадони ОМОН садди роҳи онҳо шуданд. Гурӯҳи бузурги ширкаткунандагони гирдиҳамоиро иҷборан ба автобусҳо савор карда ба боздоштгоҳи муваққатӣ бурданд.

Тибқи иттилоъи сомонаи интернетии Ҷабҳаи муттаҳидаи шаҳрвандӣ, дирӯз 17 тан аз фаъолони ҷунбиши “Русияи дигар”, аз ҷумла, раҳбари ҳаракати “Барои ҳуқуқи башар” Лев Пономарев ба додгоҳ кашида шудаанд. Тақрибан соати даҳи шаб онҳо раҳо карда шуданд ва бозрасии парвандаҳояшон рӯзи душанбе идома хоҳад кард. Макони буду боши дигар аз раҳбарони “Русияи дигар” Эдуард Лимонов то ҳанӯз маълум нест, ҳарчанд дирӯз мақомоти умури дохилаи Русия боздошти ӯро таъйид карда буданд.

XS
SM
MD
LG