Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳовард бохти худро эътироф кард


Ҷон Ҳовард, сарвазири Австралия бохти ҳизби худ - Эътилофи Либералӣ-миллӣ дар интихоботи порлумонии кишварро эътироф кард. Тибқи натоиҷи пешакӣ, дар ин маърака Ҳизби кор таҳти сарварии Кевин Рад пирӯз шудааст. Ин ҳизб ваъда кардааст, ки неруҳои кишварро аз Ироқ берун мекашад ва ҳамчунин Протоколи Киото оид ба мубориза бо гармшавии иқлимро имзо мекунад. Баъди нашри расмии натоиҷи интихобот Ҳизби кор ба таъсиси кобинаи нави вазирон шурӯъ хоҳад кард.

Ҷон Ҳовард тайи 11 сол ахир сарварии ҳукумати Австралияро бар ӯҳда дошт.

XS
SM
MD
LG