Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ ба истеъфо рафт


Михаил Саакашвилӣ имрӯз аз мақоми раиси ҷумҳури Гурҷистон истеъфо дод ва ҳамзамон маъракаи таблиғотӣ барои ширкат дар интихоботи навбатии президентиро шурӯъ кард. Дар бораи истеъфояш ӯ дирӯз дар нишасти ҳукумати Гурҷистон хабар дода буд. Тибқи Қонуни асосии Гурҷистон, раиси ҷумҳур иҷозаи ширкат дар интихоботро надорад ва аз ин рӯ Саакашвилӣ барои истеъфо тасмим гирифт.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Гурҷистон рӯзи 5 январи соли оянда баргузор мешавад. То он замон масъулияти идораи давлат бар дӯши раиси порлумон Нино Бурҷанадзе хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, аҳзоби мухолифи ҳукумати Гурҷистон тасмим гирифтанд, ки имрӯз намоишҳои эътирозии худро аз сар бигиранд. Акнун онҳо иҷозаи фаъолияти шабакаи мустақили телевизионии Имедиаро талаб хоҳанд кард. Намоишҳои эътирозии мухолифин рӯзи 7 ноябр саркӯб ва баъди он дар Гурҷистон вазъи изтирорӣ эълон шуда буд, ки даҳ рӯз идома кард. 7 ноябр ҳамчунин бинои шабакаи телевизионии Имедиа аз сӯи хадамоти амниятии Гурҷистон забт ва пахши барномаҳояш қатъ шуданд.

XS
SM
MD
LG