Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми додгоҳи Русия нисбат ба як миллатгаро


Додгоҳи Русия фардеро, ки навори видеоии қатли золимонаи як ҷавони тоҷик ва як марди доғистониро дар Интернет ба намоиш гузошт, ба як соли кори иҷборӣ маҳкум кардааст.

Додгоҳи шаҳри Майкопи Русия Виктор Милковро ба талош барои барангехтани адовати миллӣ ва нажодиву мазҳабӣ гунаҳкор донистааст. Навори видеоии мазкур моҳи август дар Интернет пайдо шуд. Дар он зери парчами фашистӣ гурӯҳе аз миллатгароёни рус марди доғистониро сар мезананд ва ҷавони тоҷикро ба сараш тир холӣ мекунанд. Виктор Милков баъди анҷоми муҳокима гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ аст ва андешаҳояш роҷеъ ба миллатҳои ғайрирусро тағйир нахоҳад дод.
XS
SM
MD
LG