Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳуроти мухолифони ҳукумати Русия


Пулиси Русия имрӯз як тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар маркази шаҳри Маскавро пароканда карда, чанде аз тазоҳургарон аз ҷумла Гаррӣ Каспаров қаҳрамони собиқи ҷаҳон оид ба шоҳмотро ҳамроҳ бо чанд фаъоли дигари мухолифин дастгир намуд.

Кормандони пулис баъд аз он тазоҳуротро пароканда карданд, ки тазоҳургарон хостанд, ба назди бинои Кумиссиёни Марказии Интихоботи Русия бираванд. Агарчӣ шаҳрдории Маскав ин тазоҳуротро иҷоза додааст, аммо раҳпаймоӣ ба сӯи бинои мазкурро мамнӯъ кардааст.

XS
SM
MD
LG