Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти аъзои мазнуни Ал-қоида


Пулиси Ироқ имрӯз гуфт, нерӯҳои ин кишвар ва Амрико дар зарфи 24 соати гузашта 45 узви мазнуни созмони Ал-қоидаро дар дохил ва атрофи шаҳри Каркук боздошт кардаанд. Хабаргузории Франс Пресс аз қавли майори пулис Турҳон Юсуф навиштааст, ки ин тундравонро дар ҷараёни амалиёти васеъе дастгир карданд, ки рӯзи ҷумъа бо ширкати 3500 сарбози ироқӣ ва ҳимояти садҳо сарбози амрикоӣ оғоз шуд. Ин амалиёт бахше аз амалиёт ба зидди тундравон будааст, ки дар Каркук, вилоятҳои Ниново, Салоҳуддин ва Диёло сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG