Пайвандҳои дастрасӣ

Мутахассисони амнияти иттилоъотӣ омода мешаванд


Ахиран байни Донишкадаи муҳандисӣ-физикии шаҳри Маскав ва Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳаи амниятииттилоъотӣ тавофуқнома ба тасвиб расид.

Бар тибқи ин тавофуқнома донишкадаи мазкур уҳдадор мешавад, ки мутахассисони варзидаи соҳаро омода месозад ва вазорат ҳазинаи ҳарсолаи омӯзиши донишҷӯёни худ дар ин донишгоҳрол мепардозад.
Дао ҳоли ҳозир дар донишкада се нахустин донишҷӯи тоҷикистонӣ, таҳсил мекунанд, ки имсол дохил шудаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки имсол Донишгоҳи фанноварии (технологии) Тоҷикистон барои бори нахуст гурӯҳеро иборат аз 25 донишҷӯ ташкил намуд, ки ҳамчунин дар соҳаи амнияти иттилоъотӣ таҳсил хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG