Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Синиора хилофи вазъи фавқулодда аст


Фуод Синиора – сарвазири Лубнон эълони вазъи фавқулодда дар кишварро хилофи Қонуни асосӣ номид ва гуфт, ки баъд аз истеъфои раисиҷумҳур идораи давлат бар дӯши ҳукумат вогузошта мешавад. Бегаҳи дирӯз Эмил Лоҳуд – раисиҷумҳури Лубнон дар кишвар вазъи фавқулодда эълон кард ва аз мақомоти низомӣ хостори таъмини тартибот ва иҷрои қавонин шуд. Мӯҳлати раёсати Эмил Лоҳуд, ки нӯҳ сол президенти Лубнон буд, ҳамин шаб ба поён расид.

Интизор меравад, ки Иёлоти Муттаҳида, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамчунин кишварҳои пешрафтаи арабӣ - Арабистони саудӣ, Миср ва Урдун ваколати ҳукумати Лубнонро эътироф кунанд.

Дирӯз аҳзоби сиёсии Лубнон дар мавриди интихоби раисиҷумҳур ба мувофиқа нарасиданд. Гуфта мешавад, ки Лубнон ҳадди аққал як ҳафта бидуни раиси ҷумҳур хоҳад монд. Сиёсатмадорон ва коршиносон ҳадс мезананд, ки рақобати аҳзоби сиёсӣ шояд дуҳокимиятӣ ва сар задани хушунат дар Лубнонро дар пай дошта бошад.
XS
SM
MD
LG