Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли ҳафт корманди пулис дар Қандаҳор


Мақомоти Афғонистон хабар доданд, ки Толибон як постгоҳи ҳукуматӣ дар вилояти Қандаҳорро таҳти назорат дароварда, ҳафт корманди пулисро ба қатл расонданд. Шаш пулиси дигар бе ному нишон ғайб задаанд.

Дар ҳамин ҳол хабар дода мешавад, ки дар як задухурди нерӯҳои таҳти фармони НАТО дар Таран Ковт – маркази вилояти Урузгон як сарбоз аз Австралия ва се сокини осоишта кушта шуданд. Нерӯҳои байнулмилалии таъмини амният дар Афғонистон гуфтанд, ки дар ин ҳодиса теъдоди зиёди Толибон кушта шуда ваё ба асорат афтоданд.

XS
SM
MD
LG