Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайатҳои кишварҳои арабӣ ба Аннаполис мераванд


Саъуд ал Файсал, вазири умури хориҷаи Арабистони саъудӣ имрӯз гуфт, ки ӯ ва ҳамтоҳояш аз кишварҳои арабӣ тасмим гирифтанд, ки дар конфаронси сулҳи Ховари Миёна ширкат кунанд. Дар ин нишаст, ки ҳафтаи оянда дар шаҳри Аннаполиси Иёлоти Муттаҳида доир мешавад, бори аввал дар ҳафт соли ахир музокироти сулҳи миёни Исроилу Фаластин сурат мегирад.

Ҳарчанд Саъуд ал-Файсал аз номи ҳама кишварҳои арабӣ изҳорот пахш кардааст, ҳанӯз маълум нест, ки дар конфаронс ҳайати Сурия ширкат хоҳад кард ё на. Мақомоти ин кишвар талаб доранд, дар нишаст мавзӯъи ба Сурия баргардонидани теппаҳои Ҳолани аз сӯи Исроил забтшуда баррасӣ шавад. Имрӯз Лигаи кишварҳои араб низ дар як нома унвонии мақомоти Иёлоти Муттаҳида хоҳиш кард, ки ин мавзӯъро ба рӯзномаи конфаронси сулҳи Ховари Миёна ворид кунанд.

XS
SM
MD
LG