Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳури Лубнон ба истеъфо рафт


Бан Ки Мун – Дабири кулли Созмони милали Муттаҳид аз он изҳори нигаронӣ кард, ки аҳзоби сиёсии Лубнон дар мавриди интихоби раиси ҷумҳури нав ба мувофиқа нарасиданд. Ӯ аз неруҳои сиёсии Лубнон даъват кард, ки аз хештандорӣ кор бигиранд ва талошҳо барои тавофуқро идома диҳанд.

Бегаҳи дирӯз Эмил Лоҳуд – раисиҷумҳури Лубнон дар кишвар вазъи фавқулодда эълон кард ва аз мақомоти низомӣ хостори таъмини тартибот ва иҷрои қавонин шуд. Мӯҳлати раёсати Эмил Лоҳуд, ки нӯҳ сол президенти Лубнон буд, ҳамин шаб ба поён расид.

Дирӯз неруҳои сиёсии Лубнон дар мавриди интихоби раисиҷумҳур боз ҳам ба созиш даст наёфтанд ва раиси порлумон Нобил Беррӣ тасмим гирифт идомаи машваратро то рӯзи 30 ноябр мавқуф гузорад. Гуфта мешавад, ки Лубнон ҳадди аққал як ҳафта бидуни раиси ҷумҳур хоҳад монд. Коршиносон ҳадс мезананд, ки рақобати аҳзоби сиёсӣ метавонад боиси дуҳокимиятӣ ва сар задани хушунат дар Лубнон гардид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG