Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консули Тоҷикистон аз Маскав фаро хонда шуд


Бино ба хабари сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав, фаъолияти Тоҳир Аҳмадов-консули сафорат баъд аз ду соли кор дар ин мақом ба поён расидааст. Муҳаммади Эгамзод-сухангуи сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегуяд, Тоҳир Аҳмадов барои идомаи фаъолияти дипломатӣ ба вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар Душанбе баргаштааст. Ба гуфтаи оқои Эгамзод, Тоҳир Аҳмадов яке аз дипломатҳои соҳибтаҷруба аст ва аз таҷрубаи вай дар оянда истифода хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки яке аз шабакаҳои интернетии Руссия мақолаи Ҳокимшоҳ Муҳаббатов-раиси созмони иҷтимоъии "Ватан"-и тоҷикони муқими Руссияро дар бораи ихтилофоти дарунии ҷомеъаҳои тоҷик дар Руссия чоп кардааст. Мақола аз ду анҷумани ба ҳам мухолифи тоҷикони Руссия сарчашма мегирад, ки 5-ум ва 10-уми ноябр дар Маскав баргузор шуд. Дар ҳамин ҳол, Давлат Назрӣ-сухангуи вазорати хориҷаи Тоҷкистон ба Радиои Озодӣ гуфт, бозгашти Тоҳир Аҳмадов-консули сафорат ба Душанбе ба мақолаи Ҳокимшоҳ Муҳаббатов иртибот надорад:
"Мақолае, ки Ҳоким Муҳаббатов дар сайти интернетӣ ҷо додааст, маълумотномаест, дар бораи фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикон дар Руссия ва ин материал ба ҳали баъзе масъалаҳои кадрӣ дар сафорати мо дар Маскав ягон иртибот надорад. Ё аз вазифа сабукдуш кардани консули сафорати мо дар Маскав Аҳмадов аз ҳалу фасли масъалаҳоест, ки мувофиқи муҳлат сурат мегирад ва процедура ё тартиби оддии кор аст".

То ҳол консули ҷадиди Тоҷикистон дар сафоратхонаи ин кишвар дар Маскав эълон нашудааст.
XS
SM
MD
LG