Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Солгарди марги афсари қурбонии КГБ


Александр Литвиненко, собиқ афсари КГБ ҳингоми беморӣ, 20 ноябри 2007

Александр Литвиненко, собиқ афсари КГБ ҳингоми беморӣ, 20 ноябри 2007

Як сол қабл Олег Гордиевский, фирории КГБ-и Шӯравии собиқ, аз номи дӯсташ Александр Литвиненко занги телефонӣ гирифт. Вай аз ин сӯҳбати телефонӣ огаҳӣ ёфт, ки А. Литвиненко, афсари собиқи хадамоти амниятии Русия дар бемористоне дар Лондон бистарӣ шудааст.

Вазъи саломатии Литвиненко дар бемористон ба шиддат сангин мешуд. Гордиевский, афсари собиқи КГБ, ки соли 1980 аз Шӯравӣ ба Бритониё фирор карда буд, он вақт ба матбуъот гуфт, «вай ба ман аз бемористоне занг зад ва дар бораи вазъи саломаташ хабар дод. Вай гуфт, ки худро хеле бад эҳсос мекунад. Хеле, хеле бад. Ман пурсидам, ки чӣ рух дод ва чӣ гуна рух дод? Шояд ба ту заҳр додаанд? Вай таъйид кард ва гуфт, мисли ин ки ба ман заҳр додаанд".

Баъд аз ду ҳафтаи ин занги телефонӣ Литвиненко аз миқдори марговари заҳре бо номи «полониюм-210» даргузашт. Вай дар остонаи марги худ раисҷумҳури Руссия Владимир Путинро муттаҳам кард ва гуфт, дар паси ин кор раисҷумҳур қарор дорад. Дар давоми ин як сол, ки аз марги Александр Литвиненко мегузарад, муносиботи Бритониё ва Русия рӯ ба тирагӣ овард ва кишварҳои Ғарб ба Маскав бо назари шак менигаранд.

Литвиненко соли 2000 хадамоти федеролии амниятии Русияро, ки меросбари КГБ-и шӯравӣ буд, интиқод кард ва гуфт, нерӯҳои амниятии Русия дар бомгузориҳои моҳи сентябри солии 1999 дар Маскав дар чанд бинои иқоматӣ даст доранд. Баъд аз ин интиқодот Литвиненко ҳамон сол Русияро тарк кард ва дар Лондон ба сар мебурд. Вай моҳи октябри соли 2006, яъне як моҳ қабл аз маргаш шаҳрвандии Бритониёро пазируфт.

Эдвард Лукаш, таҳлилгари собиқадор дар умури Руссия ва сардабири маҷаллаи "Экономист", бо назардошти ин масъала куштори Литвиненкоро сӯиқасд ба ҷони шаҳрванди Бритониё ва дар хоки Бритониё арзёбӣ мекунад, ки ба дасти ҷосусони хориҷӣ анҷом гирифтааст. Вай гуфт, фикр мекунам, ки Русия дар чашми баъзе аз ғарбиён охирин тори бовариву эътимодро гусаст. Ин як нуктаи изтиробангез, хатарнок ва ҳатто дағал ҳам аст.

Додгоҳи Лондон моҳи майи соли ҷорӣ эълон кард, ки Андрей Луговой, тоҷири рус ва афсари собиқи КГБ-ро барои бозпурсӣ дар робита бо ин куштор ба Лондон даъват мекунад, вале мақомоти Руссия аз додани Луговой ба Бритониё даст кашиданд.

XS
SM
MD
LG