Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги шубҳаангези боз як Заҳро дар зиндон


Заҳрои Козимӣ, аксбардори эронитабор аз Канада, ки соли 2003 дар зиндони Теҳрон ба ҳалокат расид
Заҳрои Козимӣ, аксбардори эронитабор аз Канада, ки соли 2003 дар зиндони Теҳрон ба ҳалокат расид

Гурӯҳе аз собиқ вакилони мардумии парлумони Эрон дар як паёми саркушода дархост намудааст, ки шароити марги табиби ҷавон Заҳрои бани Яъқуб дар зиндони шаҳри Ҳамадон мавриди таҳқиқ қарор гирад.

Холидаи Қодир

Моҳи гузашта ин хонум ҳангоми сайр бо номзадаш аз тарафи полиси ахлоқии Ҷумҳурии исломӣ дастгир шуд. Баъди 24 соат ҷасади ӯро ба аъзои оилааш таслим намуданд. Ин куштор дар байни мардуми Эрон нигаронӣ аз таъқиби озодиҳои зербиноӣ ва амнияти фардиро ба бор овардааст. Заҳрои бани Яъқуб пизишки 27-сола аз Теҳрон буд, ки тахминан ду сол пеш довталабона барои кор ба шаҳри ғарбии Ҳамадон ҳиҷрат намуд ва мебоист соли оянда барои идомаи таҳсил ба Теҳрон бармегашт. Аммо 13 октябр вай дар як шароити норӯшан дар зиндони Ҳамадон ҳалок шуд.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ӯро полиси ахлоқӣ ҳангоми сайр бо номзадаш дар парки Ҳамадон дастгир намуд. Баъди як соат полис танҳо номзади Заҳроро аз боздошт раҳо кард. 13 октябр полис ҷасади беҷони Заҳроро ба хешовандонаш таслим намуда, исрор меварзид, ки ӯ худкушӣ кардааст. Хешовандони Заҳро таъкид мекунанд, онҳо ҳеҷ сабаб надоранд бовар кунанд, ки духтари онҳо даст ба худкушӣ задааст. Ба қавли аъзои оилаи Заҳрои Бани Яъқуб, полис духтари онҳоро то мурдан латту кӯб кардааст.

Телевизион давлатии Эрон шарҳи вижаи расмиро интишор намуд. Вале расонаҳои мустақил нуқтаи назари ҳамаи ҷонибҳо ва аксуламали ҷомеа ба ин марги машкукро ба табъ мерасонанд. Исои Саҳархез, рӯзномагори мустақил ва узви Иттиҳодияи Матуботи Озоди Эрон, аз Теҳрон мегӯяд, тафсилоти марги як навҷавони духтари одии эронӣ, ки аз ҷониби расонаҳои мустақил ва хориҷӣ қисса шудааст, дар қалби мардуми Эрон ҷой гирифт.

Ба гуфти Саҳархез, солҳои ахир эрониҳо ба ҳабсу маргҳои машкуки фаъолони сиёсӣ ва рӯзноманигорони мустақил одат кардаанд, вале марги як зани оддӣ дар зиндон ҷомеъаро такон дод. Вай афзуд, полис исрор меварзад, ки Бани Яъқуб худкушӣ кардааст, вале пизишки оилаи онҳо мегӯяд, Заҳро 15 дақиқа пеш аз он вақте, ки полис замони худкушӣ меномад, бо ӯ сӯҳбат карда буд ва ҳеҷ эҳсос накард, ки ин зани ҷавон дар паи худкушӣ мебошад.

Оилаи Бани Яъқуб таъкид менамояд, ки дар ҷасади Заҳро изи латту кӯб ба чашм мехӯрд ва дар биниву гӯши вай хун хушкида буд. Меҳрангези Кор, ҳуқуқшиноси эронитабори амрикоӣ, дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, ки ҳатто дар сурати худкушӣ полис бояд масъулияти ин ҳодисаро бар дӯш бигирад, зеро Заҳрои Бани Яъқуб дар ҳабс буд. Вале ҳам Меҳрангези Кор ва ҳам Исои Саҳархез таъкид мекунанд, ки дар иртибот бо марги Бани Яъқуб ягон ишорае ба муҷозоти афсарони полис ва ё дигар масъулони зиндон мушоҳида нашудааст.

Ба гуфти ду фарди ёдшуда, мақомот бо назардошти таваҷҷӯҳ ба ин ҳодиса ҷуръат нахоҳанд кард, ки онро нодида гиранд. Хонуми Кор ва оқои Саҳархез тахмин мекунанд, ки таҳқиқ моҳҳо тӯл кашида, бо мурури замон аз хотир берун хоҳад шуд. Ба монанди Заҳрои Бани Яъқуб соли 2003 Заҳрои Козимӣ, аксбардори эронитабор аз Канада, боздошт ва ба зиндони Эвини Теҳрон интиқол ёфта буд. Баъди чанде ҷасади ӯро ҳам ба хешовандонаш таслим намуданд. Иттиҳом зиёд буд, ки аснои боздошт хонум Козимиро латту кӯб ва шиканҷа намуда, ба номусаш таҷовуз карда буданд.

XS
SM
MD
LG