Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон ва сарнавишташ дар Созмони кишварҳои ҳамсуд


Имруз Покистон гуфт, ки масъалаи узвият дар созмони кишварҳои мустақили муштарак-ул-манофеъро бозбинӣ хоҳад кард. Ин созмон узвияти Покистонро ба ҳолати таълиқ даровардааст, зеро Парвиз Мушарраф-раиси ҷумҳури ин кишвар зарб-ул-аҷал дар бораи аз миён бардоштани вазъи фавқ-ул-ъоддаро риъоят накард. Дар ин созмон 53 кишвар узвият доранд ва ба он аслан кишварҳои мустаъмараи собиқи Бритонё дохиланд. Ин созмон то рузи панҷшанбе ба Парвиз Мушарраф муҳлат дода буд, ки вазъи фавқ-ул-ъодда дар Покистонро лағв кунад. Вазъи фавқ-ул-ъодда 3-юми ноябр эълон шуда буд.
XS
SM
MD
LG