Пайвандҳои дастрасӣ

Форуми ҷавонон ба кори худ сар кард


Имрӯз форуми миллии ҷавонон таҳти унвони “Тоҷикистони рақамū-2007” дар маркази фарҳангии “Ориёно” дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард.

Форум аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, Маркази технологияҳои ахборотū-комуникатсионū, бо кӯмаки молиявии Бунёди мадади Институти Ҷомеъаи Кушода баргузор мешавад.

Ба иттилоъи хабаргузории «SimoNews», дар форум беш аз 60 нафар донишҷӯён ва омӯзгорон аз макотиби олии пойтахт ширкат мекунанд.

Дар ин форум ҳамчунин ҷавонони шаҳрҳои Хуҷанд, Қурғон-Теппа ва Кӯлоб тавассути алоқаи видеоū, ки аз тарафи ширкати Вавилон-Т пешниҳод мешавад, иштирок меварзанд.

XS
SM
MD
LG