Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давраи бозомӯзии хабарнигорони риштаи варзиш


Дар давраи бозомӯзии хабарнигорони риштаи варзиш, ки рӯзи ҷумъаи 23-юми ноябр дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон шурӯъ шуд, намояндагони расонаҳои хабарӣ аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат доранд.

Раиси Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзуллоҳи Латиф ба сомонаи интернетии Радиои Озодӣ гуфт: «Давраи бозомӯзии хабарнигорони соҳа, ки барои севвумин бор бо кӯмаку дастгирии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор мешавад, бешак, ба баландшавии сатҳи касбии хабарнигорони соҳа мусоидат хоҳад кард. Мутаассифона, сатҳи касбии бисёре аз хабарнигорони варзиши тоҷик ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нест.»

Бар тибқи барномаи ин давраи бозомӯзӣ хабарнигорон, ҳамчунин, бо муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимаҳмад Мирзоев ва раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар Баҳрулло Раҷабалиев мулоқот карда, ба суолҳои худ дар робита ба вазъи кунунии варзиш дар мамлакат ва ҷараёни омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои олимпии Пекин - 2008 посухҳои дақиқ гирифтанд.

XS
SM
MD
LG