Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони кишварҳои Ҳамсуд узвияти Покистонро боздошт


Созмони кишварҳои Ҳамсуди марбут ба Бритониё дирӯз дар нишасти кориаш дар Уганда, узвияти Покистонро дар ҳайати ин созмон муваққаттан боздошт. Дабири кулли ин созмон Дон Маккиннон гуфт, ки Кумитаи вазирони умури хориҷа "Покистонро аз ҳайати шӯроҳои Созмони кишварҳои Ҳамсуд то замони барқарории низоми демократӣ ва ҳукумати қонун дар ин кишвар бозмедорад". Тасмими мазкур ба ҷоришавии ҳолати изтирорӣ дар Покистон дар таърихи 3 ноябр бастагӣ мегирад.

XS
SM
MD
LG