Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти Вена роҷеъ ба Эрон хотима меёбад


Имрӯз ҳайати раҳбарони Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ дар Вена баррасии гузориши раиси ин оҷонс Муҳаммад Ал-Бародайиро роҷеъ ба барномаи ҳастаии Эрон хотима медиҳанд. Гузориши мазкур мегӯяд, Эрон роҷеъ ба фаъолиятҳои атомиаш дар гузашта ба ҳама саволҳо посух дод, аммо алорағми даъватҳои хатми ин фаъолиятҳо аз ҷониби СММ ҳамоно ба ғанисозии ураниум идома медиҳад. Дирӯз се давлати аврупойӣ - Бритониё, Фаронса ва Олмон ба ИМА пайваста хоҳони таҳримоти сангинтар зидди Эрон шуданд. Алиасғар Султония, фиристодаи Эрон дар Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ гуфт, ки гузориши ин ниҳод ҳокӣ аз он аст, ки маълумоти Эрон ҷавобгӯи ҳақиқат буда алайҳи таҳримоти бештар ҳушдор дод.
XS
SM
MD
LG