Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулияти журналистика баррасӣ мешавад


Имрӯз дар Кохи Ваҳдати Душанбе нишасти минтақаӣ дар мавзӯъи «Масъулият ва рушди журналистика дар Осиёи Марказӣ» барпо мешавад. Иштирокдорони ин нишаст масъалаҳои рушди расонаҳои гурӯҳӣ дар Тоҷикистон, инъикоси дуруст ва сареҳи ҳаводис дар нукоти марзии кишварҳои минтақа, ҳамраъйӣ дар журналистикаи тоҷик ва пайомадҳои манфии қатли хабарнигор Алишер Соҳибов барои журнулистикаи Осиёи Марказиро баҳсу баррасӣ мекунанд. Давоми рӯз журналистону таҳлилгарони тоҷик, қазоқ, узбак ва байналмилалӣ инчунин сари масъалаи таъмини амнияти хабарнигорон дар Осиёи Марказӣ табодули назар хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG