Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи бунёди лӯлаи гази Русия-Итолиё


Дар миёни Русияву Итолиё тавофуқе барои бунёди ширкати муштараке дар заминаи сохтмони як лӯлаи газӣ ҳосил шуд, ки тавони интиқоли гази Русияро ба кишварҳои Аврупои ҷанубӣ хоҳад дошт. Дар ҷараёни сафари нахуствазири Итолиё Романо Проди ба Маскав, ширкатҳои русии "Газпром" ва "Эни Спа"-и Итолиё қарордоди расмиро дар заминаи бунёди лӯлаи газӣ ба имзо расониданд. Ин лӯла, қарор аст, тавассути Булғористон гази Русияро ба Итолиё ва дигар манотиқи Аврупои ҷанубӣ интиқол диҳад. Дарозии лӯла 900 километр буда, интизор меравад, сохтмони он соли 2008 ё 2009 бо қимати тақрибан 15 миллиард доллар шурӯъ шавад.
XS
SM
MD
LG