Пайвандҳои дастрасӣ

Додситони Албания аз вазифа сабукдӯш шуд


Раиси ҷумҳурии Албания дирӯз додситони кулли ин кишварро аз вазифа сабукдӯш кард. Бамир Топӣ гуфт, ки шикоятҳо аз нотавониҳои додситон дар заминаи мубориза бо порахӯриву ҷиноятҳои мафиёйӣ сабаби чунин тасмимгирӣ шудааст. Аммо вакилони парлумон аз аҳзоби мухолифин мегӯянд, ки иқдоми мазкур метавонад талошҳои Албанияро барои шомил шудан ба ҳайати Иттиҳодияи Аврупо ба ҳам занад. Худи додситони кулли пешин Теодори Соллаку мегӯяд, ки барканории вай ангезаҳои сиёсӣ дорад. Барканоршавии додстони Албания дар ҳоле сурат мегирад, ки Додгоҳи Қонуни асосии ин кишвар бояд муайян кунад, то куҷо раиси ҷумҳурӣ салоҳияти аз кор озод кардани додситонро дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG