Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шубҳаҳои Ал-Бародайӣ аз ҷоҳталабиҳои ҳастаии Эрон


Раиси Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ гуфт, ки ин ниҳод ҳанӯз таъйид карда наметавонад, ки тамоюлҳои ҳастаии Эрон комилан сулҳомез мебошад. Муҳаммад Ал-Бародайӣ, раиси ин оҷонси вобаста ба СММ дар нишасти ҳайати раҳбарони созмон дар Вена дирӯз гуфт, ки онҳо натавонистаанд баъзе бахшҳои муҳими кори барномаи ҳастаии Эронро мушаххас намоянд. Вай мушаххасан ба тавонмандиҳову ҳаҷм ва табиати кори сентрифугаҳои ғаникунандаи ураниум, инчунин ба он чи ки чун пажӯҳишҳои эҳтимолан низомӣ ёд мешавад, ишора кард. Ғарб мегӯяд, ки барномаи ҳастаии Эрон бо ҳадафи тавлиди силоҳи ҳастайӣ амал мекунад, дар ҳоле, ки Теҳрон ба истифодаи сулҳомези ин барнома исрор меварзад.

XS
SM
MD
LG