Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав шумори муҳоҷирони кориро кам мекунад


Муҳоҷирони корӣ дар яке аз бозорҳои Маскав

Муҳоҷирони корӣ дар яке аз бозорҳои Маскав

Мақомоти Маскав эълон карданд, соли оянда ба 300 ҳазор муҳоҷири кори ниёз доранд. Ю. Лужков шаҳрдори Маскав гуфт, аз соли нав квота барои муҳоҷирони корӣ дар Маскав аз 700 ҳазор то 300 ҳазор хоҳад расид.

Вай ҳамчунин гуфт, шумори муҳоҷирони кориро дар Маскав кам хоҳад кард. Мақомоти пойтахти Русия барномае қабул кардааст, ки бар асоси он то соли 2010 дар Маскав то 200 ҳазор муҳоҷири корӣ фаъолият хоҳад кард. Коршиносон ба ин назаранд, ки агар шаҳри Маскав квотаро кам кунад, муҳоҷирони корӣ боз ҳам ба тарзи ғайриқонунӣ кор хоҳанд кард.

Елена Тюроканова, коршиноси умури муҳоҷират, гуфт, 300 ҳазор муҳоҷир барои як шаҳри бузург ниҳоят кам аст. Вай афзуд, мақомоти Маскав бояд бидонанд, ки муҳоҷирони аз кишварҳои ҳамсуд ба Русия омада қувваи кории арзон ҳастанд ва барои пешрафти иқтисод фоидаи зиёде меоранд. Вай иброз дошт, ки 300 ҳазор муҳоҷири корӣ барои шаҳри Маскав кам аст ва, тибқи баъзе оморҳо, соли гузашта дар шаҳри Маскав беш аз 1 милиён муҳоҷир кор мекард ва муҳоҷирони корӣ барои иқтисоди ин шаҳр милиардҳо доллар фоида овардаанд.

Хонуми Тюроканова афзуд, агар мақомоти Маскав барои муҳоҷирони кории кишварҳои ҳамсуд фақат 300 ҳазор ҳадди нисоб ҷудо кунанд, ин муҳоҷирати кории ғайриқонуниро афзоиш хоҳад дод. Ба гуфтаи вай, агар мақомот гуянд, ки дар Маскав фақат ба 300 ҳазор иҷозати кор медиҳем ва дигар ба ҳеҷ кас намедиҳем, ин маънии онро дорад, ки муҳоҷироне, ки иҷозати кор гирифтанд, дар маскав ғайриқонунӣ хоҳанд шуд ва фаъолияти ғайриқонунӣ мӯҷиби фасод хоҳад шуд. Вай гуфт, то чанде ки мо дар назди муҳоҷирати кори садд гузорем вазъ дар ин соҳа хуб намешавад.

Мақомоти шаҳри Маскав тасмим гирифтаанд, муҳоҷирони кории тоҷикеро, ки дар сохтмонҳои шаҳр ғайриқонунӣ кор мекунанд, бо муҳоҷирони қонунӣ аз Тоҷикистон иваз кунанд. Дар пойтахти Русия ва навоҳии атрофи он даҳҳо ҳазор муҳоҷири ғайриқонунии тоҷик кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG