Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ҳодиву Самад даҳ соли баъд". Ин аст унвони намоишномаи нави ҳунармандону адибони маъруфи эронӣ Ҳодии Хурсандӣ ва Парвизи Сайёд, ки барои аввалин бор дар Прага ба саҳна гузошта шуд.

Дар ин намоишнома шоир ва танзпардози номдори эронии муқими Аврупо Ҳодии Хурсандӣ, ки дар саҳна нақши худро мебозад, дар сӯҳбат бо як марди рустоӣ: Самад-оқо кӯшиш мекунад робитае биёбад. Ин сӯҳбати саршор аз панду латифа ва қиссаҳои хандаовар то ба ҷое намерасад, вале дар ҷараёни муколама чандин қиссаву рӯйдоде хотирнишон мешавад, ки дар он машаққати рӯзгори мардуми эронӣ, аз як сӯ ва душвориҳои буду боши муҳоҷирони эронӣ дар ғурбат, аз тарафи дигар, ошкор мешавад.

Парвизи Сайёд, ки нависандаву созандаи намоиш аст, мегӯяд, аслан ин идомаи бозиест, ки бо номи "Ду соат бо Ҳодии Хурсандӣ ва Самадаш" аз тирамоҳи соли 1995 то баҳори соли 1997 дар даҳҳо шаҳри Амрико, Аврупо ва Австралия ба саҳна гузошта шуд. Вай меафзояд, ин гузориш нишон медиҳад, ки дар ин даҳ сол бо таваҷҷӯҳ ба иттифоқоте, ки дар сарзамини мо рух додааст, чӣ тағйироте тавонистааст ин вақоеъ ва раванди ҳаводис ва ҷараёноти иҷтимоӣ рӯи шахсияти Самади рустоӣ бигзорад.

Раиси шабакаи дуюми телевизиони Эрон дар солҳои ҳафтодуми қарни гузашта Эраҷи Гургин гуфт, агарчӣ ин жанр дар Ғарб ба унвони "standing comedy" шинохта мешавад, вале дар амал Парвизи Сайёд ва Ҳодии Хурсандӣ анъанаҳои асили театри эрониро идома медиҳанд Вай афзуд, ин навъ барнома дар Эрон собиқа дошт ва шояд пешкисвати ин навъ театр дар Эрон касоне буданд мисли Арҳоми Садр, ки дар Исфаҳон ин корро мекард: Ӯ маъмулан нақши як навкареро мебозид, ки бо ҳоҷӣ-оқо вориди бигӯ-магу мешуд ва тамоми матолиби интиқодиро ба забони шӯхӣ баён мекард.

Шаҳнози Хокзод, як нафар тамошобин, иброз дошт, ки тамошои намоиш ӯро ба ёди солҳои ширини иқомат дар Теҳрон бурдааст. Ҳунарманди афғони муҳоҷир дар Ҷумҳурии Чех Асадуллоҳи сайфӣ, ки таҷрибаи бои кор дар телевизиони Афғонистонро дорад, чунин ибрози назар кард, ки шахсоне ба монанди танзпардози пуровоза Ҳодии Хурсандӣ ва ҳунарманди мумтоз Парвизи Сайёд бо намоишҳо дар саросари Аврупову Амрико ба ҳазорҳо муҳоҷири форсзабон имкон фароҳам меоранд, ки лаҳзае худро дар ватан эҳсос кунанд.

Нақши Самад-оқои Парвизи Сайёд чунон писанди мардуми Эрон буд, ки муаллифон онро ба силсила табдил доданд. Аммо эҳтимол барои ҳаводорони ҳунар дар Тоҷикистон Парвизи Сайёд на чун офарандаи нақши Самад-оқо, балки ба ҳайси коргардони филми "Дар имтидоди шаб" шинос бошад, ки дар он нақши асосиро Гугуш бозидааст. Оқои Сайёд гуфт, умедвор аст, ба ҳар ҳол дар ин 27-28 соле, ки филм дар Тоҷикистон идома дорад, ҳадди ақалли мардум дарёфта бошанд, ки созандаи он филм ӯст.

Намоишномаи "Ҳодӣ ва Самад даҳ соли баъд" то кунун дар 48 саҳнаи театрҳои аврупоӣ ба саҳна гузошта шудааст ва Парвизи Сайёд мехоҳад намоиши 63-ум ва ниҳоии он дар Аврупоро моҳи оянда дар Лондон доир намояд.

XS
SM
MD
LG