Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттилоъи ғалати хабаргузориҳои Русия


Хабари садамаи автобуси коргарони Тоҷикистон дар шаҳри Тюмени Русияро раиси созмони тоҷикони муқими вилояти Тюмен Абдулло Каримов ва раиси бахши иттиллоъоти бозрасии роҳи вилояти Тюмен рад карданд.

Хабаргузории «Интерфакс»-и Русия рӯзи 22 ноябр хабар дод, соати 9.00 дар буриши хиёбонҳои Профсоюзная ва Муравленкои шаҳри Перм дар пайи садамаи автобуси коргарони тоҷикистонӣ бо мошини бории КАМАЗ 22 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон захмӣ шудаанд, аз ҷумла шонаву қабурғаи ду нафар шикаста.

Раиси созмони тоҷикони муқими Русия Абдулло Каримов ба радиои «Озодӣ» гуфт, рӯзи 22 ноябр дар Тюмен ҳеҷ муҳоҷири кории Тоҷикистон дучори садама нашудааст ва ҳеҷ нафаре ҳам дар ин замина дар бемористонҳо хобонида нашудаанд.

XS
SM
MD
LG